ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, машғулиятҳои назариявию амалӣ барои 20 мураббии ҷавон аз ВМКБ, шаҳри Душанбе вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар намудҳои таеквондо мегузаранд.
Манбаъ афзуд, ки ба иштирокчиён коршиносони дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Корея Лим Ҷаэҳюн ва Ҷонг Ҳо Бак нозукиҳои ин намуди олимпии варзиш ва усулу қоидаҳои нави таеквондоро меомӯзонанд.
“Ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи таеквондо WT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Таеквондои ҷаҳонӣ дар доираи Барномаи “Курсҳои омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиён”-и Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ мегардад”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита таъкид кардааст, ки таеквондои ҷаҳонӣ яке аз варзишҳои намуди олимпӣ буда, ба монанди дигар намудҳои варзиш дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд мебошад. Айни замон беш аз 80 ҳазор наврасу ҷавон дар сартосари кишвар ба ин намуди варзиш машғуланд.