ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов варзишгари тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.
Муҳаммадҳасан дар вазни 73 килограм бар варзишгарони Кувайт (Абдулмуҳсин Алалӣ) ва Афғонистон (Рашид Сарварӣ) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон Амирҳусейн Баҳрободӣ, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд ва ҷои сеюмро ишғол намуд.
Медали нуқраи вазни 73- килограмро Си-Вон Лӣ аз Корея ва медали дигари биринҷиро варзишгари қазоқистонӣ Абдураҳмон Марипов ба даст оварданд.
Ду варзишгари дигари Тоҷикистон – Лутфулло Алишон ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммадҳасан, ки чанде пеш дар Корея дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо "Chuncheon Korea Open G-2" медали тилло ба даст оварда буд, шогирди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо мебошад ва таҳти роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тамрин мекунад.