ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран бо Ли Фэн, роҳбари ширкати “Талко Голд” дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот дар бораи ҳамкориҳои самаранок ва ташкили боз як корхонаи нави металлургӣ табодули афкор карданд.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз муносибатҳои хуби Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар вилоят якчанд корхонаи муштарак фаъолият доранд, ки ба манфиати ҳар ду кишварҳост.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони корхонаи азими саноатӣ ҶСП “Талко Голд”, дар вилоят ҷараён дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати корӣ аз мансабдорони Суғд чӣ хост?
“Ин корхона дар мавзеъи Кончочи ноҳияи Айни бо харҷи 200 миллион доллар бунёд гардида истодааст ва то имрӯз дар корҳои сохтмонӣ 60 миллион доллар азхуд карда шудааст. Айни замон ба корҳои сохтмонӣ 400 нафар ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона дар соли 2020 беш аз 1000 нафар бо ҷоий корӣ таъмин мешаванд”, гуфт раиси вилояти Суғд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки ҶСП “Талко Голд” дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.
Дар навбати худ Ли Фэн ҳангоми мулоқот иттилоъ дод, ки тасмим доранд бо ҷалби сармояи чинӣ боз як корхонаи нави металлургиро дар вилоят бунёд намоянд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки ҷониби вилоят барои тақвияти ҳамкориҳо ва таъсиси ҳарчӣ бештари корхонаҳои саноатӣ омода аст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои оғози корҳои сохтмонӣ мавзеи муносиб интихоб гардида, барои бунёди корхона корҳои омӯзишӣ оғоз карда шавад.