Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 39-44 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.     Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Гуфта мешавад, ки бо  сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Узбакистон ба Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда, гармӣ ба  40+43 дараҷа мерасад. Дар  ноҳияҳои ҷанубӣ ҳарорати ҳаво  то 43+45 дараҷа пешбинӣ шудааст.  

Голуби пьют воду в городском фонтане Худжанда - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри   бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 41+43  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0