ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳизби консервативии Бритониё Борис Ҷонсон собиқ Вазири умури хориҷа ва шаҳрдори Лондонро роҳбари нави ҳизб интихоб кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Ҳамин тариқ, ҳамон лаҳзае, ки Тереза Мэй курсии сарвазирии Бритониёро тарк кунад, Борис Ҷонсон ба вазифаи сарвазир интихоб мегардад.
Қарор аст, рӯзи 24 июли соли равон Тереза Мэй баъд аз охирин конфронсаш ваколатҳои худро ба нахуствазири ҷадид супорад.
Тереза Мэй сарвазири Британияи Кабир аз ба истеъфо рафтанаш хабар дод
Маликаи Бритониё Елезавета II истеъфои Тереза Мэйро қабул намуда, аз нахуствазири нави кишвар барои ташкили кобинаи нави вазирон дархост мекунад. Қарор аст, нахустин таъйиноти кадрӣ шоми чоршанбе эълон гардад.
Борис Ҷонсон, аз соли 2001 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи Бритониё фаъолият кардааст.
Сарвазири Британия барои боздид аз масҷид ҳиҷоб пӯшид
Ӯ ба ҳайси журналист ҳам кор кардааст. Дар маҷалаи The Spectator ҳамчун таҳлилгари сиёсӣ ва сипас ҳамчун муҳаррир кор кардааст. Соли 2008 баъд аз мухолифат бо Тереза Мэй ба журналистика баргашт ва барои нашрияи Daily Telegraph кор мекард.