ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сиёсатшинос, мудири Маркази таҳлилии масоили УрОсиё, Аслан Рубаев барои паҳн кардани хабари бардурӯғ, дар бораи даргузашти раисиҷумҳури Туркманистон, узр хостааст.
Дар ин бора Sputnik. Ближнее зарубежье менависад.
Дирӯз дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои Telegram хабар дар бораи даргузашти президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов паҳн шуд. Гуфта шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон дар паи бемории гурда вафот кардааст.
Сафорати Туркманистон дар Русия, хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро бардурӯғу бепоя хонд.
Аслан Рубаев қайд кард, манбаъе, ки ин хабарро ба ӯ гуфтааст, пас аз чанде гуфтаҳояшро рад кардааст.
"Аз аҳли хонавода ва мардуми Туркманистон узр мехоҳам", - гуфтааст Рубаев.
Ба гуфти сиёсатшинос дар бораи вафоти президент, соҳибкороне, ки дар Ишқобод кору фаъолият доранд, хабар додаанд.
"Вақте пурсидам, ки хабар дақиқ аст, гуфтанд бале, ба мо нафароне гуфтанд, ки дар мақомоти қудратӣ кор мекунанд. Онҳо мегӯянд ҳодиса дар вақти рухсатии Бердимуҳаммадов рух додааст", - афзудааст ӯ.
Пештар хабар дода шуд, ки президенти Туркманистон рӯзи 15 июл ба рухсатии меҳнатӣ баромад.
Гуфта шуд, ки рӯзи аввали рухсатӣ, Бердимуҳаммадов навиштани ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард.