ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон одатан амволро бо нархи ба маротиб поинтар аз арзиши аслӣ суғурта мекунанд.
Ӯ бархе мошинҳоро зикр намуд, ки дар асл то 100 ҳазор доллар арзиш доранд, аммо бо 10 ҳазор сомонӣ суғурта сабт мекунанд. Ё ки бо якчанд миллион хона месозанд, аммо бо нархи 50-60 ҳазор сомонӣ суғурта мекунанд, иттилоъ дод раиси “Тоҷиксуғурта” ва таъкид намуд, ки агар соҳибмулкон бо арзиши аслӣ амволашонро суғурта кунанд, метавонанд пардохтҳои баробарвазн гиранд.
Ӯ дар маҷмуъ изҳор дошт, ки мардуми Тоҷикистон аз хадамоти суғурта огоҳии кам дошта, намедонанд аз чӣ навъи суғурта метавонанд истифода баранд. Раиси “Тоҷиксуғурта” ин вазъро ба кам будани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ рабт дод.
Шуҳрат Мақсудзода инчунин аз офатҳои ахири табиӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон, ки хисороти зиёд дар пай доштанд, зикр карда, бо таассуф афзуд, ки дар бархе навоҳӣ ҳатто як дарсади шаҳрвандон амволашонро суғурта накардаанд.
Ӯ ба зарурати рақобат дар бозори суғурта таъкид намуда, афзуд, ки марҳила ба марҳила ин бозор майли афзоиш дорад ва даҳҳо ширкат феълан дар ин соҳа фаъолият мекунанд.