Фарҳангиёни Чин аз Шамсиддин Орумбекзода чӣ пурсиданд?

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото
Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳмонони чинӣ оид ба тарғиби китобхонӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти китобхонаҳо ва ташаккули балети миллии тоҷик суолҳо додаанд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳайати меҳмононро аз Бюрои мушовирони Шӯрои давлатии Чин ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба ҳайати номбурда мушовири Шӯрои давлатии Чин ҷаноби Ван Сзиншэн, мушовири Шӯрои давлатии Чин, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Чин хонум Чжан Канкан ва дигарон шомил будаанд. 

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба имкониятҳои вусъат додани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нақшаҳои фаъолияти оянда дар ин соҳа ҳарф задаанд. 

"Дар мулоқот, аз ҷумла, ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди сирки тоҷик, табодули таҷриба дар соҳаи санъату театр, шабоҳати фарҳанги тоҷику чин мавриди баррасӣ қарор дод шуданд", - омадааст дар хабарнома. 

Чин барои коркарди маъдан дар Тоҷикистон 30 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

Манбаъ афзуда, ки меҳмонони чинӣ инчунин оид ба тарғиби китобхонӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти китобхонаҳо ва ташаккули балети миллии тоҷик суолҳо дода, ҷавобҳои муфассал гирифтаанд.

Вазири фарҳанг ба хонаи Алиризо Раҳмонқулови 90-сола рафт

Лентаи хабарҳо
0