ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо дастури раиси Душанбе бозору меҳмонхонаҳои пойтахт мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтаанд. Ба иттилои Давлатзода, гуруҳи махсуси корӣ аз ҳисоби масъулини Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, ожонси “Тоҷикстандарт” ва идораҳои дигар, мутобиқати ҳамаи бозорҳои Душанберо ба меъёрҳо баҳогузорӣ намудаанд.
Дар посух ба суоли ҷилавгирӣ аз савдои кӯчагӣ ва маконҳои ғайрисанитарии назди бозорҳо Давлатзода изҳор дошт, ки хулосаи гуруҳи корӣ ба Ҳукумати Душанбе пешниҳод мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки ин санҷиш набуда, танҳо мутобиқати бозорҳо ва меҳмонхонаҳо ба меъёрҳо баҳогузорӣ шуда, тасмимро Ҳукумат хоҳад гирифт.
Давлатзода дар мавриди камбудии худи мақомдорони давлатӣ, аз ҷумла ҳолатҳои пулгирии масъулини “Тоҷикстандарт” аз соҳибкорон гуфт, шикоятҳо дар ин бора бояд мушаххас бошанд, то алайҳи дастандаркорон чораҷӯӣ шавад.
Ӯ муроҷиати соҳибкорон аз шаҳри Бохтарро мисол овард, ки ахиран аз рафтори ношоистаи кормандони ин Ожонс тариқи телефон шикоят кардаанд. Давлатзода гуфт, муроҷиати соҳибкорон тасдиқ гардид ва алайҳи кормандони ин ниҳод барои кирдорашон огоҳӣ татбиқ шуда, онҳоро аз як идора ба идораи дигар гузарондаанд.
Раиси “Тоҷикстандарт” гуфт, дар баробари огоҳӣ масъулини дастандаркорро аз системаи нозирот ба системаи идоранишинӣ гузарондаанд. Ӯ таъкид намуд, мақомдороне, ки нисбати соҳибкорон зулм мекунанд набояд дигар бо онҳо муносибат кунанд ва афзуд, ки дар бархе ҳолатҳо масъулинро аз мақом барканор месозанд.