ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Идрисзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, санадҳои судӣ барои рӯёндани зарар аз ҳисоби муассисони ширкати “Умед – 88” ба фоидаи НБО “Роғун” ба Хадамоти иҷро ворид шудаанд ва чораандешиҳо барои амалисозияшон идома дорад.
Ӯ гуфт, гуруҳҳои махсуси корӣ барои рӯёндани маблағи зарар аз ҳисоби ширкати “Умед – 88” дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар таъсис дода шудаанд, чун амволи ин ширкат дар минтақаҳои гуногун аз ҷумла навоҳии тобеи марказ ва Суғд ҷойгир мебошанд.
Нимсолаи аввали соли равон Хадамоти иҷро дар музоядаҳо амволи “Умед – 88” дар Суғд, аз ҷумла ду автомашинаи боркаши тамғаи “Шэкман” ва “Мерседес бенс”, чор нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва як анбори нигоҳдории маводи сӯзишвории “Умед 88” ба маблағи аз 160 ҳазор сомонӣ то 15, 6 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта буд.
Ширкати “Умед 88” ба Раҷабалӣ Одинаев тааллуқ дорад, ки аз моҳи октябри соли 2017 дар боздошт буда, моҳи сентябри 2018 бо қарори додгоҳ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Бо эълони ин ҳукм, мақомот Одинаевро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони “НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Умед 88” қарз дода буд, бозпас надодааст. Аммо дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Одинаев иброз намудааст, ки дар сурати раҳо шуданаш аз маҳкама имкон дорад, ин миқдор маблағи зарарро пардохт кунад. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки расман чунин дархост аз ҷониби Одинаев ворид нашудааст.
"Умед 88" дар ду се соли пеш аз ширкатҳое шумурда мешуд, ки дар радифи “Газпром”, “Газойл” ва “Фароз”- бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рақобат мекард.