Шиа бошӣ ва ё суннӣ гуноҳ нест: навори таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Обуна шудан
Исмоилиёни Маскав "Рӯзи Имомат"-ро таҷлил карданд

Шоми 13 июл дар толори консертии "Вдохновение" ба муносибати 62-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Аълоҳазрат Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ё "Рӯзи Имомат", ки ҳамасола 11 июл таҷлил мешавад, барномаи консертӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ аз ду қисм: намоишгоҳ ва барномаи фарҳангӣ иборат буд.

Намоишгоҳ ба муносибати рӯзи Имомат дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Дар намоишгоҳ аз як тараф  аксҳои овони ҷавонӣ ва кунунии Аълоҳазрат Оқохони IV ва дар бари онҳо аксҳои марказҳои исмоилия, ки дар шаҳрҳои гуногун воқеъ аст, гузошта шуда буду, аз ҷониби дигар, намояндаи бахши маорифи созмони ҷамъиятии "Нур" ба мардум дар бораи барномаҳои омӯзишии ин даргоҳ маълумот медод.

Барномаи консертӣ бо эълони ровиён ва табрикоти намояндаи созмонҳои ҷамоатии Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав, Олим Ширинбек оғоз шуд.

Олим Ширинбек меҳмононро ба муносибати "Рӯзи Имомат" табрик карда аз сулҳофаринии Аълоҳазрат Оқохони IV дар ҷаҳон гуфт.

"Дар тӯли беш аз 60 сол Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ ба ҷаҳониён исломи ботинӣ исломи бародарию дӯстӣ ва исломи инсонгароиро нишон медиҳад", - гуфт Олим Ширинбек ва ҳамаи нишастагонро ба ризокорӣ даъват карду афзуд, ки яке ин аз рункҳои асосии мазҳаби исмоилӣ ба шумор меравад.

Барномаи фарҳангӣ наздики се соат давом карду тоҷикони Маскав бо руҳияи болида, толорро тарк карданд.

Лентаи хабарҳо
0