ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рӯҳонии масеҳӣ дар назди издиҳоми ҷамъомада дар яке аз толорҳои бузурги консертии шаҳри Сан-Паулу, гуфт, "занони зиёдвазнро дар биҳишт ҷой нест".
Пас аз ин суханон духтари фарбеҳе дар саҳна пайдо мешаваду ходими калисоро аз саҳна тела медиҳад.
Рӯҳонӣ аз зарби ҳамлаи духтар аз саҳна сарозер мешавад.
Бино ба гузориши нашриёти La Vanguardia, ҳодиса дар назди беш аз 50 ҳазор масеҳӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ин ҳодисаро аксари ширкаткунандагон ба навор гирифтанду дар интернет нашр карданд, ки вокунишҳои зиёде дар пай дошт.
Аксари корбарони интернет аз рӯҳонӣ пуштибонӣ карда гуфтаанд, ки мумкин ӯ гуноҳи пурхӯриро дар назар дошт, вале натавонист суханашро ба итмом бирасонад.
Пас аз ин ҳодиса духтари "ҳамлагар" - ро боздошт карданд.
Хадамоти матбуотии калисо, навиштааст, ки дар паи ин ҳодиса рӯҳонӣ захмӣ нашудааст.