Чӣ гуна бояд пӯсти худро аз офтоби сӯзон эҳтиёт кард: тавсияи Вазорати тандурустӣ

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон маҷмӯи тавсияҳоро барои бемор нашудан дар гармои тобистон омода кардааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дурудароз истодан дар зери шӯълаи  сӯзони офтоб боиси офтобзанӣ, сӯхтани пӯст, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва дигар ноҷӯриҳо мегардад.

Гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво махсусан  барои гирифторони бемориҳои диабети қанд ва системаи дилу рагҳо баъзе мушкилиҳоро пеш меорад,- мегӯяд духтури кардиологи Маркази саломатии №15 шаҳри Душанбе Шакархӯҷа Зулфиқоров дар суҳбат бо мухбири хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Бинобар ин  консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аксар  мубталоёни бемории  диабети қанд дар  як вақт ба дигар бемориҳои музмин, аз қабили фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемиявии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо гирифторанд. Аз ин рӯ, зимни гармии зиёд агар яке аз ин бемориҳо хурӯҷ кунад, метавонад боиси авҷгирии бемориҳои дигар шавад.

Депрессия - Sputnik Тоҷикистон
Олимон гуфтанд, ки инсон пеш аз марг чӣ эҳсос мекунад

Дар сурати баланд шудани ҳарорати ҳаво гирифторони бемориҳои дилу рагҳо чӣ кор кунанд? 

– Пеш аз ҳама кӯшиш бояд кард, ки дар соатҳои баланд будани ҳарорати ҳаво ба берун  набароянд, – гуфт номбурда. – Бештари вақтро дар дохили бино ва ё зери сояи дарахтону ҷойҳои салқин гузаронанд. Обро на якбора ба миқдори зиёд, балки кам- кам вале бардавом бинӯшанд. Ба ҷои ғизоҳои серравған, хӯрокҳои сабуки сабзавотӣ, чакаю ҷурғот, помидор, райҳон ва дигар кабудиҳо истеъмол намоянд. Компоти на он қадар ширин, чолоби бенамак ё камнамак низ дар баробари чойи сабз ташнагиро хуб мешикананд. Ғизоро камнамак бояд  пухт. Зеро истеъмоли намаки барзиёд боиси баландшавии фишори хун мегардад.

Мудири  бахши котиботи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Обидҷон Аминзода зикр намуд, ки дар фасли тобистон аз беэҳтиётӣ ҳодисаҳои дарунравӣ миёни кӯдакону наврасон бештар рӯй медиҳад. Чунки дар натиҷаи ҳарорати баланди ҳаво кӯдакон бепарвоёна оби ноҷӯшонида, меваю сабзавоти ношӯста, яхмосу нӯшобаҳои пастсифат ва ғайраро истеъмол мекунанд. Бинобар ин волидайнро зарур аст, ки дар баробари истеъмол накардани оби ноҷӯшонида, инчунин ба кӯдакон шароити мусоид фароҳам оранд.

Масалан, дар зарфи болопӯшидае оби ҷӯшондашуда, компот, чолоб ва ё чойи хунукро нигоҳ доранд, то ки кӯдакон зимни эҳсоси ташнагӣ онҳоро истеъмол кунанд, чунки аз яхдон якбора гирифта нӯшидани нӯшобаҳои хунук метавонад боиси авҷгирии дарди дандону гулӯ ва узвҳои нафаскашӣ гардад.

Спящая девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чанд соат бояд хуфт, то зебо шуд

– Дар айни баландшавии гармии ҳаво ба кӯдакон оббозӣ кардан дар ҷӯю дарёҳо тавсия дода намешавад, – мегӯяд Обидҷон Аминзода. – Зеро вақте кӯдакон аз об баромада дар офтоби тасфон дароз  мекашанд, пӯсташон сӯхта, осеб мебинад. Инчунин кӯдакон аз беэҳтиётӣ оби ҷӯю дарёҳоро менӯшанду гирифтори дарунравӣ мешаванд.

Дар фасли тобистон ҳолати аз  истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ заҳролуд гардидан зиёд дучор мешавад. Чунки дар рӯзҳои гарми ин фасл барои афзоишёбӣ ва паҳн гардидани микроорганизмҳои зараровар шароити мусоид фароҳам меояд. Дар натиҷа кас бемадорӣ, дилбеҳузуршавӣ ва нороҳатӣ эҳсос мекунад. Яке аз сабабҳои заҳролудшавӣ ин истеъмоли ғизои муддати истифодабарияш гузашта ва ба туршшавӣ оғознамуда мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ  эҳтимоли аз маҳсулоти ҳасибӣ, тухм, каллапочаи яхнӣ (холодетс), гӯшт ва моҳии консервшуда, шӯрбоҳо, шир ва маҳсулоти ширӣ заҳролудшавӣ зиёд аст.

Ҳарорати баланд (38- 39 дараҷа), гум шудани иштиҳо, беҳолӣ, табларза, дилбеҳузурӣ, печиши шикам, дарунравӣ, қайкунӣ, дар забон пайдо шудани қабати сафедчатобу хокистарранг нишонаҳои заҳролудшавианд. Аз ин рӯ, бо мушоҳида кардани ин нишонаҳо фавран беморро ба шифохона бурда, бистарӣ намудан лозим аст.

Барои касоне, ки дар саҳро кор мекунанд, аз соати 5- и субҳи то соатҳои  8 – 9 -и рӯз кор кардан  кифоя аст. Сипас баъди нисфирӯзӣ аз соати 17 то 20 метавонанд корро идома диҳанд.

Истифода аз нӯшобаҳои газдори ширин, махсусан энергетикҳо ташнагиро нашикаста, баръакс талабот ба обнӯширо зиёд мегардонанд. Зеро миқдори қанд дар онҳо зиёд аст. Миқдори истеъмоли об ва дигар моеот дар як шабонарӯз бояд аз 3 литр зиёд набошад. Якбора нӯшидани оби зиёд кори гурдаҳоро душвор мегардонад.

Лентаи хабарҳо
0