Оё сохтмонҳои нави Тоҷикистон ба заминларза мутобиқанд?

© © Sputnik / Амир ИсаевСтроительство новых домов в Душанбе, архивное фото
Строительство новых домов в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамаи иншооти сохтмонӣ дар пойтахт тибқи талаботе сохта шудаанд, ки ба заминҷунбӣ тобоваранд

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Рохбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе аз сифати биноҳои сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки иншооти сохтмонӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, ба заминларза низ тобовар ҳастанд.

Новостройка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 15 дар сад коҳиш ёфтааст

Ба иттилои вай, алъон дар қаламрави ҷумҳурӣ бештар сохтмони биноҳои баландошёнаи монолитӣ ба роҳ андохта шудаст.

Аҳмадзода изҳор намуд, ки иншооти муосир дар мувофиқа ба Институти заминларзашиносӣ сохта мешавад.

 Қаблан агар институти мазкур барои сохтмони биноҳо як барномаи мукаммал дошт, алъон намояндагони ин марказ ду барномаи комилро омода намудаанд, ки сохтмони иншоотҳо  маҳз тибқи талаботи  пешниҳод намудаионҳо ба роҳ монда мешавад.

Бозсозии шаҳр идома дорад: кӯчаҳои Рӯдакӣ, С.Айнӣ, Аҳмади Дониш, Карамов дигаргун мешаванд

Зимнан роҳбари кумитаи мазкур аз заминҷунбии соли 2016 дар Тоҷикистон ёдовар шуда, афзуд, ки пас аз ин заминларза устувории биноҳои навсохт тасдиқи худро ёфт.

Аҳмадзода гуфт, он замон пас аз рух додани заминҷунбӣ, аз ҳисоби кормандони кумита гурӯҳи махсусе ташкил ёфт, ки бояд пайомади ин заминҷунбиро дар биноҳои навсохт мушоҳида кунад. Қариб дар тамоми биноҳои сохтмонӣ танҳо таркишҳои кӯчак ба мушоҳида расиду халос.

Зебо ва мудерн: Душанбеи ояндаро дар аксҳо бубинед

 Гузашта аз ин роҳбари кумита қайд намуд, ки рафти сохтмони биноҳои нав пайваста аз ҷониби Хадамоти назорати сохтмонҳо мавриди тафтиш қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0