Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд

© Sputnik / Файед Эль-Гезири / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Куала-Лумпур
Города мира. Куала-Лумпур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ардашер Қодирӣ сафири навтаъини Тоҷикистон дар Малайзия нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маросими супоридани нусхаи эътимоднома, дирӯз 18-уми июл баргузор шуд.

Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Юсуф бин Алавӣ нусхаи эътимоднома супурд - Sputnik Тоҷикистон
Зубайдзода ба муовини вазири хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома дод

Ардашер Қодирӣ моҳи апрели соли равон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба симмати сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Малайзия баргузида шуд.

Қаблан сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия, Музаффар Муҳаммадӣ буд, ки ахиран  аз ҷониби Эмомали Раҳмон роҳбари давлат бинобар ба вазифаи дигар гузаштан аз мақоми сафир дар ин кишвар озод гардид.

Ба иттилои манбаъ, пас аз маросими супоридани эътимоднома, Шоҳи Малайзия ба Ардашер Қодирӣ сафири Тоҷикистон барои иҷрои вазифаи масъулиятноки дипломатияш муваффақият орзу намуд.

Тоҷикиро омӯхт: таъини сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

Шоҳи Малайзия зикр намуд, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои кофӣ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд.  

Супоридани эътимоднома ба Дабири кулли СҲИ - Sputnik Тоҷикистон
Мансаби нав: сафири ҶТ дар Эрон эътимодномаашро ба Дабири кулли СҲИ супорид
Ӯ изҳори умед намуд, ки таъйини Сафири ба ин раванд такони нав мебахшад.

Инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0