ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намудаст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши муҳоҷират барои ҳар ду давлат манфиатовар аст.
"Имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ин ҳамкорӣ намудан дар бахши муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Чун аксари шаҳрвандони тоҷик барои дарёфти кор ба Русия сафар мекунанд", - зикр намудаст сафири рус дар ҷараёни як конфронси байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе.
Зимнан, Игор Лякин- Фролов аз маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирони тоҷик ба ватанашон зикр намуда, афзуд, ки соли гузашта муҳоҷирони тоҷикистонӣ наздики 2,5 миллион доллар ба кишвари худ интиқол доданд.
Бо дар назардошти он ки ҳар ду кишвар дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳамдигар вобаста ҳастанд, аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои стратегии ҳар ду ҷониб ин фароҳам овардани шароит ва механизмҳои нави ҷалби мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои мухталиф ба шумор меравад.
Гузашта аз ин роҳбари намояндагии Вазорати умури дохилаи Русия дар Тоҷикистон оид ба масоили муҳоҷират, Владислав Маркевич қайд намуд, ки дар байни ҳамаи кишварҳои ИДМ, шаҳрвандони Тоҷикистон имтиёзҳои бештар доранд.
Ёди Жириновский аз сафараш ба Тоҷикистону пешниҳодаш барои кам кардани муҳоҷирони тоҷик
Тибқи санади байналмиллалие, ки Русия ва Тоҷикистон онро ба имзо расониданд, шаҳрвандони тоҷик пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия давоми 15 рӯз аз қайди ҳатмии давлатӣ гузаштан озод ҳастанд, гуфт Маркевич
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳақ доранд, бо корфармо, шартномаи меҳнатӣ ва ё ҳуқуқӣ-шаҳрвандиро ба мӯҳлати се сол ба имзо расонанд.
ВУД Русия: пешниҳоди андози нав ва ё патент ба муҳоҷирони дорои "РВП" ва "ВНЖ"
Маркевич шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро бетағйир арзёбӣ намуда гуфт, ки то 30 июни соли равон дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллион муҳоҷирӣ меҳнатии тоҷик кору фаъолият мекунанд.