ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, аксари падару модарон ба ҷилавгирӣ аз таҳсили фарзандон дар мактаб, ё ба шавҳар додани духтарони ноболиғ муттаҳам мешаванд.
Дар ин муддат дар мавриди 2230 падару модар ба ҷурми риоят накардан ба меъёрҳои қонуни марбут ба масъулияти падару модарон дар таҳсилу парвариши фарзандон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар додааст ТоҷикТА аз қавли додситонии кул.
Манбаъ афзуд, ки ҳар падару модар барои ҷурмашон 165 сомонӣ ҷарима шуданд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, тайи шаш моҳи аввали соли равон бо иштироки ноболиғон 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ афзуд, ки нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҷиноят кам мебошад.