Судиҷрочиён амалишавии 58%-и санадҳои судиро таъмин кардаанд

© PixabayДвое мужчин во время деловой встречи
Двое мужчин во время деловой встречи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 26 ҳазору 538 мавод, арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро барои таъмини иҷрои санадҳои судӣ қабул кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли равон  бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ  иҷрои воқеии  19 ҳазору 678 санад,  ё  58%  ҳуҷҷатҳои иҷро  таъмин гардидааст.

Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва таъсиси Хадамоти нав

Ҳамзамон рӯёндани маблағ дар самти барқарор намудани зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат дар ҳаҷми  16 миллиону  180 ҳазору 541 сомонӣ таъмин гардид, хабар дод “Ховар” аз қавли Идрисзода.

Идрисзода ҳамчунин  иттилоъ додааст, ки дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки ба гуфтаи ӯ айни замон ба ин  феҳрист 1125 нафар шахсони воқеӣ ва 52 нафар шахсони ҳуқуқӣ  ворид карда шудаанд.

Сардори Хадамот  таъкид кард, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолият  дар самти истеҳсолоти иҷро тасмим гирифтаанд, ки  аз таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо истифода баранд.

Хадамоти иҷро, ниҳоди навтаъсиси назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон   21 июли соли 2018 таъсис ёфта, воҳидҳои кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштанд. Тобеияти судиҷрочиён ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аввали моҳи июли соли равон расман хотима ёфт.

Лентаи хабарҳо
0