Накун гуфт: гузориши видеоии ВУД аз куштори 2 нафар ҳангоми хоб дар истироҳатгоҳи Варзоб

© SputnikРека Варзоб, архивное фото
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи куштори даҳшатовар дар истироҳатгоҳи “Нилан”-и ноҳияи Варзоб гузориши видеоӣ нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Алиҷон Ализода, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Варзоб дар қатли Шуҳрат Ғолибови 25-сола ва Исломиддини 13-сола, ки якҷо дар истироҳатгоҳ кор мекардаанд, муттаҳам мешавад.

ВУД мегӯяд, ҳангоми кори якҷоя миёни Ализода ва Ғолибов ҷанҷол рух додааст. Дар натиҷа Ализодаи ноболиғ дар заминаи хусумати шахсӣ соати 5-и субҳи 6 июл ба утоқе, ки дар он Ғолибов бо Исломиддини хурдсол хоб будаанд, ворид шуда, онҳоро бо зарби табар ба қатл расондааст.

“Саҳари шанбе омадам, болои сари Шуҳрат истодам. Шуҳрат хоб буд, бо табар дар сараш задам баъд тарсида гурехтам. Шуҳрат наҷунбид дигар. Омадам табара гирифтам, ки ҷунбиданба даромад. Дутои дигар задамаш. Исломиддин хест, мара нигоҳ карду Шуҳрата диду гуфт накун накун, ки задам”, - изҳор дошт муттаҳами ноболиғ дар гузориши видеоӣ.  

Ӯ афзуд, ки дар пайи ин ҷиноят ҷасадҳоро ба дарё партофт.   

ВУД таъкид кардааст, феълан таҳқиқи ин ҳолат идома дорад. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз волидон даъват намудааст, ки дар тарбияи фарзандони худ талоши бештар кунанд.

Лентаи хабарҳо
0