ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни як амалиёти фаврӣ дар шаҳри Исфара, чаҳор кӯҳканро, аз чуқурии 270 метр беосеб берун овардаанд.
Бино ба иттилоъи КҲФ Тоҷикистон, дар пайи як садама, рӯзи 17-уми июл қубури обрасони кони № 8 мутаалиқ ба Ҷамъияти “Ангишт” и Исфара канда шуда, ба чоҳе сарозер шуда, дар ин ҳангом роҳи берун баромадани чор кӯҳканро, ки дар чуқурии 270 метр ба истихроҷи ангишт машғул буданд, бастааст.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда се кӯҳнаварди ноболиғро наҷот доданд
Дар зимн амали фаврии панҷ корманди наҷотдиҳандаи кӯҳии КҲФ Хуҷанд боис шудааст, ки кӯҳканҳо аз умқи 270 метр бе талафоти ҷонӣ берун оварда шудаанд. Ин амалиёти фаврии кормандони КҲФ дар шаҳри Исфара, таҳти роҳбарии А. Эшонбобоев, муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва И. Маликов, фармондеҳи взоводи наҷоти кӯҳӣ сурат гирифтааст.
Дар соли гузашта КҲФ Тоҷикистон 150 нафарро наҷот дод
Дар пайи рухдоди садама дар кони “Ангишт” дар шаҳри Исфара масъулини КҲФ сафарбар шуданд ва маълум кардаанд, ки сабаби банд мондани чор кӯҳкан аз сарозер шудани қубуре будааст, ки ба кони № 8 оби гарм интиқол медод.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби наҷотдиҳандагони кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд чаҳор кӯҳкан аз умқи 270 метр наҷот дода шуданд.