ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар асоси қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳи иборат аз 5-дастаӣ тақсим шуданд. Тими миллии Тоҷикистон ба гурӯҳи “F” шомил шуд, ки ҳарифонаш беҳтарин дастаи Осиё дар Чемпионати ҷаҳон-2018 – Ҷопон ва Қирғизистон, Мянмору Муғулистон мебошанд.
“Бозиҳо 5 сентябри соли 2019 оғоз гардида, 9 июни соли 2020 анҷом меёбанд. Тими миллии Тоҷикистон аввалин бозиашро бо дастаи мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор 5 сентябр дар Душанбе хоҳад гузашт”, - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ ва 4 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дар Чин ва марҳилаи финалии интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳхат мегиранд.
Ин ниҳод афзуд, 24 дастаи боқимонда дар даври дуюми интихобӣ барои 12 роҳхати дигари Ҷоми Осиё-2023 муборизаро идома медиҳанд.