Хуҷанд беш 7,5 миллион доллар сармоя ҷалб намудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешНадпись в центре города Худжанд "Я люблю Худжанд", архивное фото
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Хуҷанд таъкид намудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд барои таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ меандешад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik.  Тибқи маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, то 1 июли соли равон  теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳр ба 8366 нафар расида, аз онҳо 5820 нафар бо патент ва 2546 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд. 

Завод по производству ковров - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд истеҳсоли маҳсулоти санотаиро афзоиш додааст

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин давра 592 нафар бо патент ва 157 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта фаъолияти соҳибкорӣ бо патент 25 адад ва бо шаҳодатнома 52 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Даъвати палатаи савдои Тоҷикистон аз Русия: биёед форуми соҳибкорон гузаронем

“Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда 36,5 фоизи онҳоро занҳо ташкил дода, 2774 нафар бо патент ва 289 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд”, - қайд намуд манбаъ.

Барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерӯи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пӯст ба маблағи 12,5 млн. доллар, фабрикаи пойафзолбарорӣ ба маблағи 12,6 млн. долларс, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллар, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллар, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллар, фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллар ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллар мавриди омодасозӣ қарор гирифтааст.

Цыпленок на птицеферме - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ва азми соҳибкори самарқандӣ: дар Хуҷанд як корхонаи нав ифтитоҳ шуд

Инчунин ба гуфтаи мақомоти Хуҷанд, дар ин давра ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 7,5 млн. доллар, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ 2,9 млн. доллар ва сармояи дохилӣ 4,6 млн. долларро ташкил менамояд.

Бонки аврупоӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хатлон сармоягузорӣ мекунад

“Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ равона шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.  

Лентаи хабарҳо
0