ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, тайи шаш моҳи аввали соли равон бо иштироки ноболиғон 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ афзуд, ки нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҷиноят кам мебошад.
Дар мавриди нақзи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои вайрон кардани қонуни мазкур 2230 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуда, 103 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Дар маҷмуъ давоми 6 моҳ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 12 ҳазору 549 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
“Муфаттишони прокуратура дар ин давра тафтиши 2198 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 2084 адади онро нисбати 2337 нафар барои баррасӣ ба суд ирсол намудаанд. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ 69,1 миллион сомонӣ зарар, аз ҷумла 7,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод таъкид кард, ки дар маҷмуъ додситонҳо дар баррасии 5012 парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 224 эътирози хусусию кассатсионӣ ва назоратӣ овардаанд.