Ба Тоҷикистон ба маблағи 8 миллион доллар гази табиӣ ворид шудаст

Обуна шудан
Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Узбакистон ба маблағи 8 миллион доллар гази табиӣ харидорӣ намудаст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik.  Аз авоили соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Узбакистон наздики 70 миллион метр мукааб гази табиӣ дарёфт намудаст.

Гази табиии Узбакистон дубора ба хонаи тоҷикистониҳо расид

Дар ин бора муовини аввалаи роҳбари ҶСК"Тоҷикстрансгаз" Шавкат Шоимзода зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод.

Ба иттилои  Шоимзода, дар ҳамин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ, гази табиӣ ворид шудаст. Ӯ қайд кард, ки давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон барқарор шуд, ба Тоҷикистон наздики 54 миллион метр мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд.

“Душанбегаз” таъмини хонаҳои дигари назди қубури асосӣ бо газро меомӯзад

Ба гуфтаи Шоимзода истеъмолгарони гази табиии Узбакистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Контрольно-измерительные приборы в зале парогазовых установок - Sputnik Тоҷикистон
Таъмир ва истифодаи гази табиӣ иқтидори Маркази гармидиҳии 1-ро ба маротиб зиёд кард

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Узбакистон соли гузашта, пас аз шаш соли таваққуф дубора ба Тоҷикистон интиқоли гази табииро шурӯъ намуд.

Дар ин росто, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифта буд, ки соли ҷорӣ аз ҳамсоякишвари Узбакистон дар ҳаҷми 200 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намояд.

Бояд гуфт, ки айни замон ба гази табии кишвари ҳамсоя даҳҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Ширкати Алюминийи Тоҷик ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе  таъмин гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0