Турко Дикаев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик даргузашт

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкТраур по погибшим пассажирам самолета Ту-154
Траур по погибшим пассажирам самолета Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби гузашта, рӯзноманигори маъруфи тоҷик Турко Дикаев дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Шаби гузашта дар шаҳри Кӯлоб Турко Дикаев журналисти маъруф тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам чашм пушид, иттилоъ додааст сардабири рӯзномаи СССР Сайёф Мизроб дар саҳифаи Facebook.

“Турко Дикаев – бузургтарин журналисти русизабони чеченитабори Кӯлоб даргузашт. Ҷанозаи намози пешин дар Кӯлоб баргузор мешавад”, - навиштааст Сайёф Мизроб.

Наздикони Турко дар суҳбат ба расонаҳои хубарӣ гуфтанд, ки ӯ ду рӯз ба ин тараф аз дарди дил ранҷ мекашид ва рӯи бистари беморӣ афтода буд.

Турко Дикаев, муддати тӯлонӣ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар "Азия-Плюс” низ фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан ба кори аксбардорӣ ва журналистикаи озод машғул шуда буд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев даргузашт

Рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки хизматҳои Турко Дикаев дар журналистикаи  минтақаи Кӯлоб калон аст. Ба гуфтаи ҳамкасбони Турко ӯ даҳҳо журналисти ҷавонро дар ин минтақа тарбия кардааст, ки ҳоло дар даҳҳо оҷонсиву хабаргузориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд.

Соли 2005 Турко Дикаев дар миёни 25 журналисти шинохта, ки аз суи дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо баргузор гардида буд, унвони журналисти солро гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0