ДУШАНБЕ, 16 июл Sputnik. Рӯзи15 июн, таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.
Бино ба иттилои АМИТ "Ховар", зимни таҳлилу баррасии масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулин, вакилони халқ ва сохторҳои марбутаро ба иҷрои босифати барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ҷалб намуд.
"Раиси шаҳр аз амалҳои номатлуб байни ноболиғону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастуру супориш дод, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин онҳо вазифадор гардиданд, ки баҳри тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон фаъолиятро пурзӯр намуда, бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ихтиёран ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти беморхонаҳо ва назорати истифодаи дурусти майдончаҳои варзишии тозабунёд тадбирҳои муассир андешанд.