ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи амалиёти "Муоинаи техникӣ" эълон баровардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, гузаронидан аз "Муоинаи техникӣ" барои ҳамаи ронандагон ҳатмӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки ин амалиёт, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз роҳандозӣ мешавад.
"Муоинаи техникӣ" аз 15 то 25 июли соли 2019 гузаронида мешавад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд.
Эълони БДА ба ронандагон: дар ҷумҳурӣ рейди "Муоинаи техникӣ" ба роҳ монда мешавад
Ин дар ҳолест, ки ВУД феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, ҳар моҳ нашр карда, талаб мекунад, ки қонуншиканҳо ҷаримагурезӣ накунанд.