ДУШАНБЕ, 15 июл Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли нафту газ дар маҷмуъ 11 297 тонна нафт истеҳсол намуда, истихроҷи гази табиӣ дар ин давра 392,5 ҳазор метри кубиро ташкил додааст.
Дар ин бора вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имрӯз, 15 июн дар нишастии хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфти вазир, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моъе дар ҳаҷми 485 368 тонна ворид шудааст.
Аз ин шумор: бензин 83 091 тонна, сӯзишвории дизелӣ 11 5104 тонна, сӯзишвории реактивӣ 22 854 тонна, мазут 7339 тонна, битум 15 350 тонна, равғанҳои молиданӣ 9538 тонна кокси нафтӣ 24055 тонна, гази моъе 207 547 тонна ва дигар намуди маҳсулоти нафтӣ 486 тонна ворид карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 29 604 тонна ва гази моъе 28 361 тонна зиёд мебошад.