ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи муҷозоти дастандаркорони қиматкунии ахири баҳсбарангези интернет дар кишвар гуфт, он тасмими Хадамоти алоқа набуд.
Моҳи апрел бо тасмими мақомоти Тоҷикистон нархи интернет дар кишвар боло бурда шуда, арзиши ҳадди ақали 1 гигабайтро 62 сомонӣ муқаррар карданд.
Аммо дар пайи вокуниши тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири апрели соли равон қарори болобарии нархи интернетро бекор кард.
Шоми 23 апрел дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки "имрӯз бо дастури Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд".
Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯи карда шудааст. Он вақт раисиҷумҳури Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмуродро аз мақоми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ барканор карда, ба вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин намуд.