Дар 6 моҳ дар Хатлон 36 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта шуд

© Sputnik / Алексей СухоруковВрач в палате, архивное фото
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини вазорати тандурустӣ эълон намудааст, ки дар зарфи шаш моҳ дар вилояти Хатлон 17 адад бунгоҳи саломатӣ ва 19 адад маркази саломатӣ сохта ба истифода супорида шуд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар зарфи шаш моҳи соли равон дар дар вилояти Хатлон 36 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта ба истифода шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз 36 иншооти соҳаи тандурустӣ сохташуда дар вилояти Хатлон 17 адад бунгоҳи саломатӣ ва 19 адад маркази саломатии деҳот мебошанд.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талаби вазир аз пизишкон: муносибатро бо беморон беҳтар кунед, ёрии аввалро ройгон расонед

Тавре манбаъ қайд намудааст, айни замон сохтмони 5 адад бунгоҳи саломатии деҳот дар  ноҳияҳои Балҷувон ва  Ёвон оғоз гардида, илова бар ин сохтмони 4 бунгоҳи саломатии деҳот дар шаҳри Норак ноҳияи Данғара  идома дорад.

Масъулини вазорат зикр намуданд, ки бунёд ва ба истифода додани иншооти тиббӣ маҳз бо дасгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вусъати тоза касб намуда, ҳадаф аз ин иқдом дастарсии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии босифат ва саривақтии тиббӣ мебошад.

Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳу беморхона ифтитоҳ кард, ки соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ кард.

Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар ин деҳаи дурдасти ноҳия, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Қули суфиён ва Қунғуртут хизмат хоҳад расонд.

5 миллион сомонӣ барои таъмири беморхонаҳо

Маркази саломатӣ ва таваллудхона аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо бунёд шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, 1 ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.


Лентаи хабарҳо
0