Имрӯз сафири нави Корея дар Тоҷикистон эътимодномаашро ба Хусрав Нозирӣ супорид

© МИД РТПервый заместитель министра принял копии верительных грамот Посла Республики Корея
Первый заместитель министра принял копии верительных грамот Посла Республики Корея - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ сафири навтаъйини Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Кан Чже Квонро барои қабули нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино бар гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Кан Чже Квон нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

Премьер-министр Республики Кореи Ли Нак Ён - Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Ансамбли “Базморо” Тоҷикистонро дар Корея намояндагӣ мекунад

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаи омодагӣ ба нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Тоҷикистон, ки қарор аст 15-17 июли 2019 баргузор гардад, табодули назар карданд.

Зуҳуров аз Корея бурсияҳои бештар барои таҳсили тоҷикистониҳо хост

“Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Кореяро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд”,  -омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз  сарвазири Ҷумҳурии Куриё Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Душанбе ворид шуд.

Бино аб иттилои АМИТ "Ховар" меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазирад.

Шамсиддин Орумбекзода министр культуры Таджикистана провел встречу с послом Кореи в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Орумбекзода: мардуми Тоҷикистон ба фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хоса доранд

Рӯзи 16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегардад.

Дар Тоҷикистон ҷашнвораи филмҳои Корея баргузор мешавад

Инчунин мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Куриё бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешбинӣ шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳанд расид.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Куриё 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Ҷумҳурии Куриё намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар пойтахти Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ намуд.

Лентаи хабарҳо
0