Сӯхтор дар маҷмааи таърихии "истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд

Обуна шудан
Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд ба сӯхтор муъҷиб шуд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ин бора шоҳидони ҳол дар гурӯҳи "Ман Хуҷандро дӯст медорам" хабар додаанд.

Аз наворе, ки дар ин гурӯҳ нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна дуди сиёҳ сутунҳои Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "истиқлол"-ро фаро мегирад.

Дар навори дигаре, ки чанд дақиқа пас аз сӯхтор нашр шудааст, дида мешавад, ки дар ҷои ҳодиса оташхомӯшкунон қарор доранд ва наҷотдиҳандагон талош доранд, сӯхторро хомӯш кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст.

Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии истиқлол аз 7 сутун иборат буда, 58 метр баландӣ дорад.

Тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд

Ин бурҷ моҳи сентябри соли 2016, дар соҳили рости дарёи Сир ба шарафи солгарди 25-уми истиқлоли Тоҷикистон пардабардорӣ шуда буд ва дар байни сокинон бо номи русии “Стелла” маъруф аст.

Лентаи хабарҳо
0