Супориш ба раисон барои ташкили обуна

CC0 / Pixabay / Газета в руках
Газета в руках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон аз баррасии мушкилоти фаъолияти почта дар вилоят хабар дода, рӯзномаю маҷалларо дар баъзе ҷамоатҳо ягона роҳи паҳн кардани сиёсати Ҳукумат арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ҳукумати маҳаллии ВМКБ, Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси вилоят бо масъулини корхонаи Почтаи тоҷик мулоқот анҷом дод.

Работа представительства DHL, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фаъолияти почтаи байналмилалии DHL ба далели манфиатҳои миллӣ манъ карда шуд

Мирзонаботов зикр кардааст, ки дар шароити ВМКБ почта барои тарғиби сиёсати Ҳукумат нақши меҳварӣ дорад.

“Почтаи тоҷик дар паҳн намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат нақши муҳим мебозад. Саривақт дастрас намудани рӯзномаву маҷаллаҳо ба шаҳру ноҳияҳо, идораву муассисаҳои вилоятӣ вазифаи асосии кормандон мебошад”, - изҳор доштааст Мирзонаботов.

Ӯ тавзеҳ додааст, ки бинобар набудани телевизиони маҳаллӣ дар дурдасттарин ҷамоатҳо роҳи ягонаи огоҳӣ ёфтан аз ахбор, фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ ин рӯзномаву маҷалла мебошанд.

Мирзонаботов ба роҳбарони корхона дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят супориш додааст, ки маъракаи обунашавиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

Дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ мегӯяд, дар охир кормандони корхонаи воҳиди давлатии Почтаи тоҷик дар ВМКБ дар бораи мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи худ ба муовини якуми раиси вилоят пешниҳодҳоро ироа кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0