ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷаъфар Ҷалол, аз меҳансароёни пешоҳанги Тоҷикистон таронаи ҷадиди тоҷиконаро дар зодрӯзаш пешниҳоди мухлисон кардааст.
Дар ин фасли гармои тобистон як баҳори дигар аз умрам хоҳад гузашт, аммо ёди ширини баҳорони айёми наврасиву навҷавониҳоям, ки дунё бо садои Аҳмад Зоҳири азиз, Муқаддаси ноёб ва бону Гугуши беҳамто маро ошиқи шӯрида сохта буд, фаромушношуданист, навиштааст овозхон.
Ӯ афзуд, оҳангҳои ҷовидонаи ин нобиғаҳо бо гулу сабзазорон омезиш ёфта, дашту даман, кӯчаву паскӯчаҳои зодгоҳамро рангорангу ошиқона менамуданд ва гулҳои орзу мекоштанд.
“Аз он орзуҳои даврони ҷавониям гулдастаи тару тозаеро тақдиматон менамоям азизони дил, дар ин фасли гармои тобистон. Мехоҳам дар хонадонатон баҳори сабзу гулпӯшро эҳсос намоед ва борони шодиву нишот ғаму андӯҳи Шумоёнро бизудояд”, - таманно кардааст Ҷаъфар Ҷалол.