ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои Ҳукумат, Юнус Бобиевро аз мақоми раиси Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок барканор карда, ба ҷои ӯ Бахтдавлатов Раҳмонбек Давлатбековичро таъин кард.
Бахтдавлатов моҳи январи соли равон бо қарори Ҳукумат аз мақоми муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида буд ва ахиран ба мақоми раиси Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки кишвар таъин шуд.
Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок ниҳоди ҷумҳуриявие мебошад, ки ба арзёбӣ ва тасвиби нишондодҳои захираҳои конҳои кишвар машғул аст.
Бахтдавлатови 60-сола, хатмкардаи Институти политехникии Тошканд ва аз собиқадорони соҳаи геологияи кишвар мебошад, ки аз соли 2006 то аввали 2019 муовини аввали сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон буд.
Аввали соли равон дар сохтори геологияи кишвар тағйироти куллии кадрӣ сурат гирифта буд. Раисиҷумҳур охири моҳи январи соли равон Заробиддин Файзуллозодаро аз мақоми сардори Саридораи геология озод карда, вазири саноат ва технологияҳои нав таъин карда буд. Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Оймуҳаммадзода то моҳи январи соли равон директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.