ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар қароргоҳи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол дар Сюррих маросими қуръакашии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) баргузор шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, футболбозони Тоҷикистон бо дастаҳои Аргентина, Испания ва Камерун гурӯҳи дар гурӯҳи "Е" қувваозмоӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, қуръакашии даври финалии Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) дирӯз баргузор шуд.
Дар қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим шуданд. Ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба даври баъдӣ, ки даври плей-офф аст, роҳхат мегиранд.
Созиш барои бозиҳои дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Саудӣ
Қаҳрамонии 18-уми ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар чаҳор шаҳри Бразил – Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояниа баргузор мешавад.
Наврасони Тоҷикистон дар даври аввал 28-уми октябр бо Камерун бозӣ мекунанд. 31-уми октябр дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Испания вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов муқобили Аргентина ба майдон мебароянд.
Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Estаdio Klеber Andrade"-и шаҳри Кариасика доир мегарданд.