Сиёсатшинос дар бораи мулоқоти Путину Зеленский: Русия ба гуфтугӯ омода аст

© Фото : из личного архива Юрия СветоваЖурналист Юрий Светов, архивное фото
Журналист Юрий Светов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатшинос Юрий Светов ба сӯҳбати телефонии президенти Русияву Украина баҳо дод

Президенти Русия Владимр Путин бо ташаббуси раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо вай сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ҷонибҳо масоили танзими вазъ дар шимолу шарқи Украина, баргардонидани боздошташудагонро аз ҳар ду ҷониб ва идомаи ҳамкорӣ дар ҳошияи Чоргонаи нормандиро баррасӣ карданд.

Политолог Юрий Светов о разговоре Путина с Зеленским: РФ открыта к диалогу c Украиной

Лебедев мегӯяд, посухи мусбии Путин ба занги телефонии роҳбари Украина, нишонаи омода будани кишвар ба гуфтугӯи сиёсӣ бо Укринаро дорад.

"Ӯ мавқеи Русияро нишон дод, ки омода бо гуфтугӯи сиёсӣ бо ҳукумати нави Украина аст. Зеро Путин дар назар дошт, ки мавқеиЗеленский аз Порошенко фарқ дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб, вақте президенти Укрина дар бораи баргаштан ба созишномаи Минск гуфт, Путин ба ин пешниҳод дарҳол посух дод", - тавзеҳ дод коршинос ба Sputnik.

Бояд қайд кард, ки ҳафтаи гузашта Зеленский ба Путин пешниҳод карда буд, ки дар Минск мулоқот кунанд. Ҷониби Русия гуфтааст, ки ин пешниҳодро баррасӣ хоҳад кард.

Роҳбари Русия доим омодаи муколамаҳо дар мавриди танзими вазъи Донбасс будани Русиро дар ҳамагуна формат таъкид карда, ишора намуд, бояд бархе аз мушкилиҳоро дар назар гирифт.

Лентаи хабарҳо
0