ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Ҳасанова Файзиниссо Додабаевна бо худрави "ВАЗ-21063" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст.
Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 152 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.
Ҷаримаро кӣ месупорад: автобуси ҷамъиятӣ дар як ҳафта 76 маротиба қоидаи роҳро вайрон кард
"ВАЗ-2107"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Акбарова Кенҷамо Шарбатовна 109 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "КИА Оптима", ки муттаалиқ ба ширкати Эйшн-Экспресс Транс мебошад, номбар шудааст.
Ронандаи ин ширкат 91 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
Қонуншикании Имомалӣ ва ҷаримагурезии Дилбар: ВУД рӯйхат нашр кард
Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 12 июл, рӯйхати 13 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.