Волейболбоздухтарони “Суғд – 1” Ҷоми Одинаевро ба даст оварданд

© Sputnik / Павел ЛисицынВолейбол, архивное фото
Волейбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол миёни наврасдухтарони соли таваллудашон 2003 ва хурд бо пирӯзии дастаи Суғд-1 анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев баргузор гардид.

Национальный день бега в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Абдуллозода аз Суғд ва намоиши дастовардҳои варзишгарони вилоят

Манбаъ афзуд, ки мусобиқа 7-11 июл бо иштироки 8 даста дар Мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт баргузор шуд.

“Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, тарғибу ташвиқи намуди волейбол байни бонувон буд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ изҳор доштааст, ки дар пайи қувваозмоиҳо дастаи “Суғд-1” ҷойи аввал, “Душанбе-1” ҷойи дуюм ва дастаи “Суғд-2” ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо Ҷом, диплом ва медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардиданд.

Эмомали Рахмон в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

Қаблан Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода буд, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол миёни ҷавонписарон дар шаҳри Хоруғ бо пирӯзии дастаи ВМКБ анҷом ёфт.

“Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи мизбон – ВМКБ ба даст овард. Волейболбозони ҷавони бадахшонӣ дар финал ҳамсолонашонро аз дастаи Душанбе-1 мағлуб намуданд. Дастаи Душанбе-2 пас аз пирӯзӣ бар тими Хатлон-2 ҷои сеюми мусобиқаро сазовор гашт”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ аз қавли Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ афзуд, ки дар мусобиқа шаш даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ ва ВМКБ барои ҷойҳои ифтихорӣ сабқат карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0