ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон сурат гирифт.
Нахуст раисҷумҳур дар деҳаи Шар-Шар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро ифтитоҳ кард.
Бино бар иттилои манбаъ, сипас дар саҳни таълимгоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфт.
“Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишвар нишондиҳандаҳои чанд соли охирро дар тамоми бахшҳои ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда, рушду нумуи ҳамаҷонибаи ин гӯшаи Тоҷикистонро натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва тадбирандешиҳои саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон маънидод кард”,- таъкид намуд манбаъ.
Дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳудуди Деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ дар доираи барномаҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои ободонӣ бомаром идома дорад ва то имрӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Пешвози самимӣ: Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Балҷувон рафт
“Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шар — Шар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардида, мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд”, - афзуд манбаъ.
Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат аз ҷониби бародарон Зубайдовҳо дар деҳаи мазкур Бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии кумаки аввалини тиббӣ беҳтар намуд.
Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Себистон боз чандин иншооти дигар ифтитоҳ хоҳад шуд.