Миллионҳои ронандаҳои масту беҳуҷҷат

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти БДА Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 744 ҳолати рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ошкор намуда, аз ин ҳисоб беш аз 2 милиону 821 ҳазор ҷарима ситонидааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. БДА вилояти Суғд, гуфтааст, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда дар давраи шаш моҳи соли ҷорӣ, 362 ҳолати идораи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб ба 241 нафар ҳабси маъмурии 15 шабонарӯза тадбиқ шуда, аз 81 нафари дигар ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҷамъ ба маблағи 1 милиону 143 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима ситонида шудаааст.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастгир шудани панҷ ронанда дар ҳолати мастӣ

Ҳамаи онҳо аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол маҳрум карда шудаанд.

Карим Ҷумаев, сухангӯи БДА дар вилояти Суғд гуфтааст, ки инчунин дар ин давра 329 ҳолати рондани воситаи нақлиёт аз ҷониби ашхосе, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надоштанд, ё вогузор кардани воситаи нақлиёт ба нафароне, ки ҳуқуқи рондандагь надорад, собит гардида, аз 234 нафар, дар умум 1 милиону 197 ҳазору 55 сомонӣ ҷарима тадбиқ карда шудааст. 

БДА Суғд, мегуяд, 55 ҳолати дигари ҳуқуқвайронкунӣ дар ҳоле ошкор шудааст, ки соҳибони восиатаҳои нақлиёт худ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, идора кардани нақлиёти худро ба зимае касе вогузор кардаанд, ки ҳуқуқи ронандагӣ карданро надоштаанд. Бинобар ин маҷуд будани чунин ҳолатҳо, 30 нафар дар пардохти 481 ҳазору 210 сомонӣ ба ҷарима кашида шудаанд.

Разбитый автомобиль. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Бо ироаи чунин иттилоъ БДА Суғд аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри паст гардонидани сатҳи садаманокӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишвар дар як қатор қонун ва санадҳои амалкунанда аз ҷумла дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда, ҷазоҳо барои  ронандаҳои маст ва бе ҳуҷҷатро сангин гардонидааст, вале ҳанӯз ҳам инро теъдоде аз шаҳрвандон дарк накардаанд.

“Ҳарчанд дар ин бора борҳо суҳбату мулоқотҳо бо тамоми қишрҳои ҷомеа доир шуда, тавассути ВАО пешниҳод шуда бошад, ҳам вазъият дар ин самт ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад”, омадааст дар гузориши Карим Ҷӯмаев.  

Гузориши БДА Суғд таъкид намудааст, ки ҳаҷми ҷарима аз ҳисоби ронандаҳои маст ва беҳуҷҷат дар давраи шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум ба 2 милиону 821 ҳазору 925 сомонӣ расидааст.

“Агар чунин  маблағҳои ҷаримавиро сокинон ба буҷҷаи оилавии худ сарф мекарданд, сатҳу сифати зиндагии онҳо хубтар мешуд”, таъкид мекунад гузориш.   

БДА Суғд, мақсади асосии гузоришро шарҳ додааст, ки он ҳам пешгирии қоидавайронкуниҳои роҳу ҳаракат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ронандагон будааст. 

Лентаи хабарҳо
0