Раҳмон бо Мамин ташкили корхонаи орд ва имтиёзҳо дар роҳҳои оҳану баҳриро баррасӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПремьер-министр Казахстана Аскар Мамин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Премьер-министр Казахстана Аскар Мамин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти ахираш бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Душанбе зикр карда,  таъкид намудааст, ки ҳар як мулоқоту вохӯрии сатҳи олӣ ва баланд ба рушди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат мусоидат менамояд.

Чрезвычайная ситуация объявлена в Туркестанской области после взрывов - Sputnik Тоҷикистон
Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Тоқаев дар робита ба таркишҳои Арис

Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки Қазоқистон дар муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мавқеи шоиста дошта, рушду густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо ин давлат дар авлавияти сиёсати хориҷии роҳбарияти Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот муҳимияти истифодаи пурраи имконоту захираҳои мавҷударо таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омодааст ба сармоягузорони ҷониби Қазоқистон як қатор лоиҳаҳои ояндадорро, аз ҷумла дар соҳаҳои агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, коркарду истихроҷи маъдан ва нақлиёту коммуникатсия пешниҳод намояд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Аз интихобот то мулоқот дар Душанбе: Раҳмон ба президенти нави Қазоқистон занг зад

“Доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи имтиёзноки роҳҳои оҳану мошингард ва баҳрии Қазоқистон барои баромадан ба кишвари сеюм ва интиқоли молу маҳсулот ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд”, - иттилоъ додааст котиботи Раҳмон.

Манбаъ афзуд, ки ҳарду ҷониб барои рушди бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Лентаи хабарҳо
0