Баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”

© дафтари матбуоти Вазорати маорифи ТоҷикистонХонандаҳоҳои тоҷик дар озмуни байналхалқии "GeniusKids-2018" дар Маскав 35 медал гирифтанд
Хонандаҳоҳои тоҷик дар озмуни байналхалқии GeniusKids-2018 дар Маскав 35 медал гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 53 нафар иштироккунандагон 18 нафар беҳтаринҳо муайян карда шуда, ба даври навбатӣ роҳха дода шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои Амри Сарвари давлат дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод  бо иштироки раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода, намояндагони ташкилоту идораҳо ва доираи васеи ҷавонон даври аввали  озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмун: Кумитаи андоз барои 102 мансаби холӣ соҳиб меҷӯяд

Манбаъ афзудааст, ки мудири бахши фарҳанг Саломуддин Кобулиев гуфт, ки ҳадафи асосии баргузор намудани озмун-ин оммавигардонии равияҳои гуногуни мусиқии касбии тоҷик, муаррифии истеъдодҳои нави санъати тоҷик, фароҳам овардани шароит баҳри дарёфти истеъдодҳо ва  гурӯҳҳои ҳунарӣ дар байни наврасону ҷавонон дар самти равияҳои гуногуни жанрҳои сарояндагӣ мебошад.

Ҳамчунин баргузории  озмуни мазкур дар ташаккули зебоипарастӣ, мукаммал гардонидани репертуари сарояндагон бо асарҳои нав,  баланд бардоштани нуфузи мусиқии касбӣ ва анъанавии  тоҷик, дарёфти чеҳраҳои нав, тарғибу ташвиқи ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунари миллӣ мусоидат менамояд.

Тюльпаны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбасти озмун: шумораи лола ва гулшинонҳои фаъоли Душанбе маълум шуданд

Ҳамчунин баҳри тарғиби ашъори  шоирони классику муосир, омода намудани ҳунармандон ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа дар даврони бархурди тамаддун ва ҷаҳонишавии фарҳанг ба маврид дониста мешавад.

Ҳайати ҳакамон бо сардории муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоир  Назризода ба маҳорат ва истеъдоди иштирокчиёни озмуни мазкур баҳои баланд  дода, аз 53 нафар иштироккунандагон 18 нафар беҳтаринҳоро муайян карда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.

Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, ки  аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ баргузор гардид, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0