Аскар Мамин вориди Душанбе шуду ба пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

© © WikipediaВице-премьер Казахстана Аскар Мамин, архивное фото
Вице-премьер Казахстана Аскар Мамин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон баъди зуҳри имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Маминро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҳамтои тоҷикистонияш Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Ба ифтихори истиқболи расмии Аскар Мамин дар фурудгоҳ парчамҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон барафрохта шуда, инчунин қаровули фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ  саф ороста буданд.

Премьер-министр Республики Кореи Ли Нак Ён - Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Аскар Мамин сипас ба  майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе омада, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” гулчанбар гузошт.

Имрӯз дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Маминро  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазирад.

“Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин баргузор мегарданд”, - иттилоъ додааст “Ховар” ва афзудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

Лентаи хабарҳо
0