Дзюдочиёни тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Венгрия мераванд

© Judotmz.jimdoДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохтаи тоҷик намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Интизор меравад варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи варзишӣ ба Венгрия сафар кунанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Комроншох Устопирён, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо

Ба иттилои манбаъ мусобиқаи "BUDAPEST GRAND PRIX 2019" дар шаҳри Будапешт аз 12 то 14-уми июли соли ҷорӣ баргузор мегардад ва Тоҷикистонро чанд варзишгари номӣ муаррифӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа ба Ҳиндустон сафар кард

Гуфта мешавад дар мусобиқаи мазкур иштироки 625 нафар варзишгар, аз ҷумла 382 мард ва 243 зан аз 85 кишвари сайёра дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохтаи тоҷик- Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд.

Баҳси омодагӣ ба олимпиадаи 2020: куштигирони тоҷик пул наёфтанд, ки ба мусобиқа раванд

Зимнан,"BUDAPEST GRAND PRIX 2019", ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад, то соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шаванд.

Дилшод Назаров қаҳрамони Чемпионат Осиё-2019 шуд.

Лентаи хабарҳо
0