Маълум нест, ки ба шоколад кай пайдо шудааст. Аммо ин шириниро муддати зиёде дар шакли моеъ истифода мекарданд. Шоколаде, ки мо ҳоло истифода мекунем, танҳо дар асри 19 пайдо шудааст.
Истифодаи он, пас аз ихтирооти беназири олими ҳолландӣ Конрад вар Гутен маъмул гашт.
Одамон пас аз он чунон дилбастаи шоколад шуданд, ки акнун ҳамасола 11 июл ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии шоколад таҷлил карда мешавад.
Бори аввал ин ҷашнро фаронсавиҳо дар соли 1995 таҷлил карданд.
Мувофиқи гуфтаи олимон шоколад дорои элементҳое мебошад, ки боиси истироҳат ва барқарор шудани асабҳо мешавад.
Сиёсатмадороне чун президенти Русия Владимир Путин, Амрико Доналд Трамп, роҳбари Чин Си Ҷинпин, сарвазири Олмон Ангела Меркел истеъмоли шоколадро дӯст медоранд ва инро маърази ом пинҳон накардаанд.
Аксҳои шоколадхӯрии ситораҳои сисатро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Собиқ сарвазири Италия Силвио Берлускони шоколад мехӯрад
Собиқ сарвазири Италия Силвио Берлускони шоколад мехӯрад