СММ тасмим дорад дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамкориҳоро густариш диҳад

© АНК РТРуководство АКН обсудили со специальным советником ООН по вопросам ВНМО вопросы предотвращения распространения наркомании в стране
Руководство АКН обсудили со специальным советником ООН по вопросам ВНМО вопросы предотвращения распространения наркомании в стране  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутахассисони СММ доир ба бемориҳои ВНМО/БПМН (UNAIDS) бо мақомоти Тоҷикистон вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва вобастагии он бо паҳншавии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил ва гепатитро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Ахиран муовини Директори Ожонсии назорати маводи нашъаовар Муртазо Ҳайдарзода бо профессор Мишел Казачкин, мушовири махсуси Барномаи муштараки СММ оид ба бемориҳои ВНМО/БПМН (UNAIDS) дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мулоқот кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Ожонсии назорати маводи навшъаовари Тоҷикистон хабар додааст.

Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва вобастагии он бо паҳншавии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил ва гепатит муҳокима шуд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки тарафҳо мусоидати UNAIDS дар пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил ва гепатитро низ мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимни муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда дар 58 нафар вируси ВНМО дарёфт шудааст

“Дар рафти муҳокимаронӣ ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки бояд дар  пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш дода, раванди пешгирии онро дар байни қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ дуруст ба роҳ монанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳур эълон карда буд, ки  ӯро вазъи ВНМО ва нашмандӣ, бахусус миёни ҷавонон дар Тоҷикистон нигарон кардааст.

Зане дидаву дониста мардро гирифтори бемории “ВНМО” кард

Тавре, ки ёрдамчии Президент зикр кард, аз шумораи умумӣ 64,8 фоизро мардон ва 35,2 фоизро занон ташкил дода, бо роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ 54,9%, бо роҳи тазриқӣ 33,0%, аз модар ба кӯдак 4 фоиз, бо роҳи номаълум 8,1 фоиз сироят ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур додааст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшанд ва барои пешгирии ин бемории сироятӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Врачи в операционной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз норасоии табибон то афзоиши сирояти ВНМО: нигаронии прокурорҳо дар Суғд

“Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла корҳои иттилоотрасонии  шаҳрвандон дар ин самт нокифоя мебошад”, - таъкид намудааст ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Мақомоти Хатлон бар зидди нашъамандӣ бо реклама мубориза мебарад

Дигар мушкилоте, ки Ёрдамчии Президентро  нигарон кардааст, ин вазъи ташвишовари бемории нашъамандӣ будааст.

Лентаи хабарҳо
0