Таҳдиди 20-соли зиндон ба қочоқбарони тоҷик дар Волгоград

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкЭкспертно-криминалистическая лаборатория управления наркоконтроля по ЮФО
Экспертно-криминалистическая лаборатория управления наркоконтроля по ЮФО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба шаҳрвандони тоҷик барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба мӯҳлати 20 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад

 ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Додситони шаҳри Волгогради Русия дар қиболи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд,тафтишоти пешакӣ анҷом дода барои баровардани ҳукм ба додгоҳ ирсол намудаст, хабар медиҳад  ТоҷикТа.

Кадры задержания банды, поставлявшей в Россию героин, опубликовала ФСБ - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ навори боздошти нашъаҷаллобонро мунташир кард
 Бар хабари манбаъ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 аз як шарикашон ба миқдори 369 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт намуданд. Онҳо аз ин миқдор ҳероин  наздики 150 халтача барои фурӯш омода намуданд.

Аммо ҳангоми кофтуков, пулис дар манзили истиқоматии онҳо 150 халтачаро пайдо кардааст, ки дар онҳо дар маҷмӯъ 369 грамм ҳероин ҷой дода шудааст. Кормандони пусил дар ҷойи ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир ва маводи мухаддирашонро мусодира намуданд.

Дар ноҳияи Зеленогради Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуданд

Гуфта мешавад, тибқи Кодекси ҷиноятии Русия барои қочоқи маводи мухаддири ҳероин ба миқдори калон 20 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи гузашта низ ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Зеленогради Маскав бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ба мӯҳлати 13,5 сол равонаи зиндон шуданд.

Файзов гуфт, мардуми ВМКБ бояд барои нест кардани маводи мухаддир чӣ кор кунанд

Ёдрас мешавем, ки тибқи маълумоти расмии Тоҷикистон, феълан дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештари онҳо барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин мамлакат боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0