ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди номии тоҷик дар назди мухлисони самарқандиаш таронаи нави эҷодкардаашро сурудааст. Дар ин бора як корбари Фейсбук Азизмурод Сафаров бо нашри наворе дар саҳифаи Фейсбук хабар медиҳад.
Ба дидорбинии Шодиев, ки 7 июл ба Тоҷикистон баъди табобат дар Олмон баргашт, шоми 8 июл мухлисони самарқандиаш омадаанд ва ҳунарманд барояшон тарона хондааст. Худи Афзалшоҳ вақти ҳунарнамоӣ қайд мекунад, ки яке аз таронаҳои тозаашро иҷро кард.
Ёдрас мешавем, сафари ҳунарманд барои табобат ба Олмон пас аз лағви консерташ дар Хуҷанд охири моҳи апрел ва аввали моҳи май расонаӣ шуд. Шодиев аз мухлисонаш узр хост ва гуфт, баъди баргаштану сиҳат шудан дар назди онҳо чандкарата хизмат хоҳад кард.
Шодиев дар бораи Самарқанд чанд тарона хондааст ва дар даврони "бад" будани муносибати Тоҷикистону Узбакистон таронаи ҷонгудозаш "Дар Самарқанду Бухорои шариф"-ро эҷод карда буд, ки зуд дар дили мухлисонаш ҷой гирифт.
Баъди об шудани ях байни Тоҷикистону Узбакистон Шодиев борҳо дар консертҳои Шоми дӯстӣ дар Самарқанд ширкат варзида, ҳатто таронаҳои наве дар бораи ин шаҳри қадим суруд.
Дар як мусоҳиба бо рӯзноманигорони самарқандӣ ӯ гуфт, ки Самарқанд барояш бегона нест — гузаштагонаш аз Самарқанд буданду падару бобояш дар таъмири ёдгориҳои шаҳр ва ободонии шаҳр саҳм гузоштаанд.