ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Беш аз 174 кас дар яке аз тарабхонаҳои маҳаллии шаҳри Тоқмоқ заҳролуд шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар.
Бино ба гузориши манбаъ, рӯзи 29 июн дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Тоқмоқи Қирғизистон тӯй барпо шуд. Пас аз ҳодисаи хушҳолӣ даҳҳо нафар бо аломатҳои дарди шикам ба беморхона муроҷиат карданд.
"174 кас барои ёрии таъҷилӣ муроҷиат кард. Аз ин шумора 78 кас бистарӣ карда шуд. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ёрии таъҷилӣ расонида шуд. Айни замон 10 кас табобат мешаванд", - омадааст дар хабарнома.
Пизишкон боқимондаҳои ғизои тарабхонаро барои ташхис гирифтанд.
Шумораи заҳролудшудагон аввал 67, баъд 117 ва имрӯз ба 174 кас расид.
Дар паи баргузории корҳои ташхисӣ боқимондаҳои ғизо ва зарфҳои тарабхона барои муайян кардани сабаби заҳролудшавӣ гирифта шуданд. Ҳамчунин беморон аз ташхис гузаронида шуданд.
Сабаби заҳролудшавӣ - салмонеллез (як навъ сирояти одамон ва ҳайвонот, ки паҳнкунандагони он мурғ, ҳайвоноти шохдор, асп ва хук мебошад), гуфта мешавад.
Тарабхонаи "Мегаполис" - макони баргузории тӯй, айни замон бо қарори Идораи назорати санитарӣ баста шудааст.